Шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷи кишвар 7 фоиз кам шуд
Душанбе, 06.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар панҷ моҳи соли равон 271 ҳазору 136 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар рафтанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7 фоиз кам мебошад. Аз ин шумора зиёда аз 35 ҳазор нафарро занҳо ташкил медиҳанд.
Бино ба гуфтаи сармутахассиси шуъбаи таҳлил ва маълумотдиҳии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Рухшона Ёрмамадова дар айни замон ба минтақаҳои гуногуни Федератсияи Русия 267 ҳазору 814 шаҳрвандони мамлакат ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд. Аз он 33 ҳазору 317 нафараш занҳо мебошанд. Ба ҷумҳурии Қазоқистон 5 ҳазор шаҳрванди кишвар ба сафари меҳнатӣ рафтаанд.
Дар панҷ моҳи соли равон ба хориҷи кишвар бо корҳои шахсӣ-14 ҳазору 385 нафар, тиҷорат-13 ҳазору 640 нафар, саёҳат-5 ҳазору 148 нафар, сафари хизматӣ- 660 нафар ва таҳсил 1 ҳазору 151 шаҳрванди мамлакат сафар намуданд.
Дар ин муддат аз муҳоҷирати меҳнатӣ ба ватан 108 ҳазору 917 нафар сокини ҷумҳурӣ баргаштанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30 фоиз кам мебошад. Аз он 16 ҳазору 293 нафарро занҳо ташкил медиҳанд. Аз Федератсияи Русия 104 ҳазору 584 нафар баргашт, ки 14 ҳазору 313 нафараш занҳо мебошанд.
4 ҳазору 528 нафар муҳоҷир аз Ҷумҳурии Қазоқистон баргаштанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






