Шурӯъ аз фардо дар Тоҷикистон никоҳи хешу таборӣ қонунан манъ карда мешавад
Душанбе, 30.06.2016/АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз фардо, 1 июли соли 2016 дар Тоҷикистон никоҳи хешу таборӣ қонунан манъ карда шуда, муоинаи тиббӣ барои ҷавононе, ки издивоҷ мекунанд, ҳатмӣ мегардад. Яъне, аз ин баъд ҷавононе, ки бо ҳам хеши наздиканд, ба мисли духтархолаю писархола, духтари амаку писари амак, духтари тағо, наметавонанд издивоҷ кунанд.
Бояд зикр кард, ки манъи никоҳи хешутаборӣ дар кишвар ва аз муоинаи ҳатмии тиббӣ гузаштани ҷавонон қабл аз издивоҷ дар асоси ворид намудани тағйиру иловаҳо ба моддаҳои 14 ва 15-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, ҳадафаш солимии ҷомеа ва пешгирии вайроншавии оилаҳост.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 26 ҳазор кӯдакони маъюб ба қайд гирифта шудаанд, ки 35% онҳо аз никоҳи хешутаборӣ ва аз 10 то 20% бар асари бемориҳои сироятӣ ба дунё омадаанд. Коршиносон яке аз омилҳои асосии дар ҷомеаи суннатии кишвар бештар маъмул гардидани никоҳи хешутабориро тӯли солҳои охир дар бегона нагардидани боигарию сарвати хонаводаҳои хешу табори наздик арзёбӣ менамоянд, ки он оқибатҳои манфӣ ба бор меорад.
Ҳамзамон аз муоинаи ҳатмии тиббӣ гузаштани ҷавонон қабл аз хонадоршавӣ ба солим нигоҳ доштани генофонди миллат рабт дорад, зеро бархе аз ҷавонон, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд ва баъди бозгашт ба ватан онҳо оила барпо менамоянд, дар бисёр мавридҳо қисме аз онҳо мубталои бемориҳои сироятӣ мебошанд, ки оилаашонро сироят намуда, дар натиҷа кӯдаки носолим ба дунё меояд.
Тибқи тағйирот ба Кодекси оила, муоинаи ҳатмии тиббии ҷавонон қабл аз издивоҷ ба роҳ монда шуда, он ба таври ройгон сурат мегирад.








ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд






