Симпозиуми байналмилалӣ оид ба усулҳои ҳисоббарор дар илмҳои маводшиносӣ ва биологӣ KSCMBS-2016

Июнь 17, 2016 11:37

Душанбе, 17.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. 24-28-уми сентябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Симпозиуми байналмилалӣ оид ба усулҳои ҳисоббарор дар илмҳои маводшиносӣ ва биологӣ KSCMBS-2016 баргузор мешавад.
Тавре аз Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ хабар доданд, дар Симпозиум масъалаҳои таҳқиқоти усулҳо ва самтҳои тадқиқоти компютерии моделиронии молекулавӣ, усулҳои молекулавӣ-динамикӣ (МД) ва Монте-Карло (МК), моделиронии молекулаҳои биологӣ (РНК, ДНК, сафедаҳо ва ферментҳо бо гузаришҳои мутатсионӣ, физикаи радиатсионӣ, таъсироти радиатсия ба биосфера, физикаи ҷисмҳои сахт, системаҳои физикӣ ва биокимиёвӣ (газҳо, кристаллҳо, моеъҳо, полимерҳо, био-трибология), истеҳсоли мавод ва зебоисозӣ (дизайн) тайёркунии доруҳо дар тиб (пайвасткунии як молекула ба дигараш, таъсири манъкунандаи ферментҳо), ҳисобкунии компютерии  физикӣ, кимиёвӣ, биологӣ ва тиббӣ, динамикаи молекулавии ба таври графикӣ босуръат ҳисобкунӣ ва техникаи бо он алоқаманд матраҳ мегарданд.
Гуфта мешавад, ки комиссияи тадорукоти байналмилалӣ дар ҳайати Анвар Мақсудов (ректор, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Ҷумҳурии Тоҷикистон); Холмирзо Холмуродов (шаҳри Дубна, Федератсияи Русия); Юко Окамото (Донишгоҳи Нагоя, Нагоя-Анчи, Япония); Роман Ефремов (шаҳри Маскав, Федератсияи Русия); Томоюки Ямамото (Донишгоҳи Васеда, Шинджуку — Токио,Япония); Кенджи Ясуока (Донишгоҳи Кейо. Йокохама- Канагава, Япония) ташкил гардидааст.
15 июн ҷаласаи навбатии кумитаи тадорукот баргузор гардид ва масъулин ҷиҳати пеш бурдани  уҳдадориҳои хеш бори дигар муваззаф гардиданд.

Июнь 17, 2016 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд