СММ минбаъд ҳам мавқеи фаъоли Тоҷикистонро оид ба захираҳои об дастгирӣ менамояд
Душанбе, 15.06.2016 / АМИТ «Ховар» /. «Созмони Миллали Муттаҳид тасмим гирифтааст, ки минбаъд нигоҳ доштани мавқеи фаъоли Тоҷикистонро оид ба захираҳои об дастгирӣ намояд». Пас аз мулоқот бо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамоҳангсози доимӣ, намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Александр Зуев зимни брифинг чунин изҳори назар кард.
Зуев зикр кард, ки ин охирин мулоқоти ӯ бо Сарвари давлат дар робита ба поёни муҳлати ваколаташ дар ин вазифа буд ва ӯ дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк ба кори дигар мегузарад.
«Ман дар шаҳри Душанбе 5 солу 3 моҳ кор кардам ва албатта, дар ин муддат аз тамоми гӯшаҳои Тоҷикистон дидан кардам. Дар ин солҳо дар кишвар тағйироти бузурги иҷтимоию иқтисодӣ ба амал омаданд. Ман шодам, ки СММ на танҳо ба сулҳу амонӣ, балки ҳамчунин ба рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуд. Дар давоми ин солҳо мо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр иншооти иҷтимоӣ, ба монанди беморхонаҳои сил, озмоишгоҳҳои биологӣ, мактабҳо ва корхонаҳои обёриро супоридем», — зикр кард А. Зуев ва илова намуд, ки ин барнома дар Тоҷикистон барои СММ на танҳо афзалиятнок, балки калонтарин дар минтақа ва берун аз он боқӣ мемонад.
Бино ба гуфтаи намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, моҳи декабри соли гузашта аз ҷониби Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода барномаи ҳамкории панҷсола тавассути Созмони Милали Муттаҳид ба имзо расид, ки ҷудо кардани 383 миллион доллари ИМА-ро ба Тоҷикистон барои кумаки техникии башардӯстона дар назар дорад.
«Соли гузашта, вақте ки мо як барномаи монандро анҷом додем, ҳисоб карда баромадем, ки дар панҷ соли охир мо аз он чизе, ки ваъда карда будем, 20% зиёдтар анҷом додем».








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






