Соҳибкорони беларусӣ ба Хуҷанд меоянд
Хуҷанд, 06.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар назар аст, ки моҳи равон ба шаҳри Хуҷанд як гурӯҳи калони соҳибкорони Ҷумҳурии Беларус оянд. Дар доираи сафар, ки он бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Беларус, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии шаҳри Хуҷанд доир мегардад, баргузории бизнес-вохӯрӣ байни соҳибкорони ду кишвар низ ба нақша гирифта шудааст.
Ҳадафи асосии ташрифи соҳибкорони беларусӣ ба Хуҷанд, пеш аз ҳама, ғайр аз баргузории бизнес-вохӯрӣ, ҳамчунин густариши муносибатҳои тиҷоратӣ байни соҳибкорони ду кишвар ва дар ин замина ба таври дақиқ корбарӣ намудани ҳамкории минбаъда ва рӯи кор омадани якчанд созишномаҳои ҳамкорӣ оид ба содироту воридоти молҳо аз ҷониби ду тараф мебошад.
Бояд гуфт, ки зимни ташрифи соҳибкорони беларусӣ ба шаҳри Хуҷанд, ҳамчунин боздиди як гурӯҳ роҳбарону намояндагони коргоҳу ширкатҳои калону бонуфузи Беларус низ дар назар аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд






