Соҳибкорони Беларус бо имкониятҳои истеҳсолии Тоҷикистон аз наздик шинос шуданд
Душанбе, 17.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Соҳибкорони Тоҷикистон ва Беларус дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ намуданд.
Дар чорабинӣ гурӯҳи соҳибкорони ҳарду ҷониб ширкат намуда, доир ба қавитар гардонидани робитаҳои судманди ҳамкорӣ дар самти тиҷорат табодули афкор намуданд. Ҳозирин зикр намуданд, ки барои таҳкими робитаҳо имкониятҳо хеле зиёданд ва истифодаи самарабахши онҳо ба нафъи кор хоҳад буд.
Вохӯрии мазкур шароит фароҳам овард, то ширкатҳои бонуфузи мошинбарории Ҷумҳурии Беларус маҳсулоти гуногуни худро муаррифӣ намуда, бо имкониятҳои истеҳсолии Тоҷикистон аз наздик шинос шаванд.
Зимни вохӯрӣ масоили рушди ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва дигар бахшҳо низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






