Сохтмони сардхона бо маблағи 1,1 млн сомонӣ
Душанбе, 24.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт корҳои бунёдкориву созандагӣ бо маром вусъат ёфта, сохтмони коргоҳҳои нав идома дорад. Аз ҷумла, дар маркази ноҳияи Ашт- шаҳраки Шайдон соҳибкори инфиродӣ Пўлод Ашўров сохтмони «Сардхона ва маркази хизматрасонӣ»-ро бо арзиши лоиҳавии 1,1 млн. сомонӣ оғоз намудааст.
Тавре аз маркази матбуоти вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, иншооти мазкур дорои иқтидори нигоҳдории 240 тонна маҳсулот буда, барои 30 нафар ҷойи кори доимӣ ва барои 80-100 нафар ҷойи кори мавсимӣ муҳайё мекунад.
Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот идома доранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






