Спитамен: Оилаи Олимовҳо аз ҷамоати Т. Ӯлҷабоев оилаи беҳтарин эълон гардид

Июнь 8, 2016 10:31

Душанбе, 08.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Спитамен даври минтақавии Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст шуд ва беҳтаринҳо ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Бино ба иттилои комиссияи ноҳиявӣ дар даври ноҳиявии мусобиқа  намояндагони 7 ҷамоат иштирок намуданд. Мутобиқи шартҳои пешниҳодшуда оилаи Олимовҳо аз ҷамоати Т. Ӯлҷабоев оилаи беҳтарин, хонаи Обидҷоновҳо аз ҷамоати шаҳраки Нов хонаи беҳтарин, маҳаллаи Бобоҷон Ғафурови ҷамоати Т. Ӯлҷабоев маҳаллаи беҳтарин, деҳаи Саидқӯрғони ҷамоати деҳоти Истиқлол деҳаи беҳтарин, ҷамоати шаҳраки Нов ҷамоати беҳтарин дониста шуданд.
Ёдовар мешавем, ки ин мусобиқа ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, бо амри Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои муайян кардани оилаи намунавӣ, хонаи намунавӣ, деҳа, маҳалла, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят ва мақомоти марказии ҳокимияти давлатии беҳтарин эълон гардидааст ва марҳалаҳои он имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат идома доранд.

Июнь 8, 2016 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст