Суҳбати созанда дар мавзўи «Нақши Ваҳдати миллӣ дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ»

Июнь 27, 2016 09:31

Душанбе, 27.06.2016 /АМИТ «Ховар»/.  25 июн дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзўи «Нақши Ваҳдати миллӣ дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ» бахшида ба 19-умин солгарди таҷлили иди Ваҳдати миллӣ бо иштироки доираи васеи омўзгорону аспирантон, олимон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони васоити ахбори омма ва матбуоти даврӣ суҳбати «мизи мудаввар»-и ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Декани факултети ҳуқуқшиносӣ Дилшод Раҳмон дар хусуси зарурат ва аҳамияти баргузории суҳбат иброз намуд, ки ҳоло Рўзи Ваҳдати миллӣ ба рамзи ягонагии миллати тоҷик, баҳамоии қишрҳои гуногуни ҷомеа, марҳилаи нави эъмори давлати миллии тоҷикон бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сулҳу субот, оромию осудагӣ ва саҳифаи нав дар таърих табдил ёфтааст. Баъди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон асосҳои сохтори конститутсионӣ, вазъи ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон, асосҳои конститутсионии ташкил ва фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ такмил ёфта, соҳибихтиёрии давлат таҳким бахшида шуд.
Ҷойи ифтихору сарбаландист, ки дар заминаи роҳандозӣ намудани сиёсати ҳадафмандонаву бобарор  бо ташаббусу ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарифу сарбаланд ва  бунёдкору тамаддунофари тоҷик дар даврони истиқлолияти давлатӣ арзишмандтарин  ва волотарин неъмат  Ваҳдати миллиро ба даст овард. Мо аз он хушбахту сарфарозем, ки имсол ду ҷашни бузурги давлатӣ — 19-умин солгарди рўзи Ваҳдати миллӣ ва ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоем.  Бо шарофати касби истиқлолияти давлатӣ, таъмини  сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ, ризоияту Ваҳдати миллии сартосарӣ дар кишвар заминаҳои боэътимоду мусоид барои рушду пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ бунёд гузошта шуда, дар самти ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва арзишҳои истиқлолияти давлатӣ корҳои назаррас анҷом дода шуданд. Нуфузу эътибори Тоҷикистони соҳибихтиёр дар арсаи байналмилалӣ бамаротиб боло рафта,  дар самти ба амал баровардани сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ  имрўзҳо ҳамчун яке аз кишварҳои муваффақ шинохта шудааст.  Аз ин рў, ҳар як фарзанди бонангу номуси миллатро зарур аст, ки бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва қарзи имониву инсонӣ дар самти ҳифз, нигаҳдошт, эҳтиром, таҳким ва арҷгузорӣ ба Сулҳу Ваҳдати миллӣ пайваста талошу фаъолият дошта бошад.
Бо истифода аз фурсати муносиб кормандони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати фарорасии ҷашни Рўзи Ваҳдати миллӣ самимона  таҳният гуфта, барои онҳо саломативу сарбаландӣ, бахту саодат,  ободиву осоиш, хушҳоливу хушрўзӣ, иқболи баланду  комёбиҳо орзуманданд.

Июнь 27, 2016 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст
Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд шинос мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ оид ба риояи талаботи бехатарии саноатӣ машварат доир намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад