Суғд: фарогирии 150 кӯдаку наврас ба истироҳатгоҳи «Парвоз»

Июнь 23, 2016 16:56

Хуҷанд, 23.06.2016. /АМИТ «Ховар»/.  Яке аз истироҳатгоҳҳои овозадори бачагонаи вилояти Суғд- «Парвоз» низ ба фаъолият оғоз намуд. Дирӯз  басти якуми истироҳатгоҳи беруназшаҳрии тобистонаи кӯдакону наврасон  бо фарогирии 150 нафар хонандагон аз оилаҳои камбизоат ва ятиму бепарастор дарҳои худро боз намуд. Ба иттилои маъулини раёсати маорифи вилояти Суғд, кушодашавии истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Парвоз», ки дар он намояндагон аз мақомот ва шуъбаи маорифи  ш.Хуҷанд ширкат доштанд, аз қабули  муждаи сардорони дастаҳо ва хониши Суруди миллӣ оғоз гардида, сипас аз ҷониби истироҳаткунандагон барномаи рангину хотирмон намоиш дода шуд.
Бояд гуфт, ки барои дар сатҳи баланд омоданамоии истироҳатгоҳ ва ҳамзамон таъмини иштирокдорон  бо маводи ғизоӣ аз ҷониби мақомоти давлатии шаҳри Хуҷанд 60 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, ҳамчунин чор хобгоҳи истироҳатгоҳ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, деворҳои он бо ҳама гуна овезаҳову гуфторҳо, расмҳои кашидаву гулҳои дастисохт ороиш дода шуда, бунгоҳи  тиббӣ, ҳуҷраи оббозӣ, ошхона, майдончаҳои варзишӣ, саҳнаи истироҳатгоҳ ва ҳавзи оббозӣ дар сатҳи хуб омода гаштаанд.

Июнь 23, 2016 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад