Суди конститутсионӣ: баррасии парванда аз рӯи дархости директори генералии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Наҷот»- и шаҳри Исфара мавқуф гузошта шуд
Душанбе, 15.06.2016 /АМИТ«Ховар»/. Имрӯз таҳти раисии раиси Суди конститутсионии Ҷумҳуриии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудзода баррасии парванда аз рӯи дархости директори генералии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Наҷот»-и шаҳри Исфара Н.Исомидинова дар хусуси муайян намудани мувофиқати сархатҳои чорум, чордаҳум ва ҳабдаҳуми банди банди 2.4, банди 4.1. сархатҳои якум, дуюм ва ҳафтуми банди 4.4-и Оинномаи Корхонаи воҳиди давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасониии логистикӣ», ки бо фармоиши Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 феврали соли 2013 тасдиқ шудааст, ба моддаи 12 Конститутсияи Ҷумҳуриии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори мурофиаи судии конститутсионӣ намояндагони ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар Суди конститутсионӣ, намояндагони Суди олии иқтисодӣ, Прокуратураи генералӣ, вазоратҳои адлия ва нақлиёт, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва дигар мақомоти давлатӣ иштирок намуданд.
Суди конститутсионӣ дар мурофиаи ошкорои судӣ масъалаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, зимни он ҳолатҳои наверо ошкор намуд, ки барои моҳиятан баррасӣ шудани парванда аҳамияти муҳим дошта, дақиқ намудани онҳо санҷиши иловагии конститутсиониро тақозо менамояд.
Аз ҷумла, аниқ муайян намудани вазъи ҳуқуқии Оинномаи Корхонаи воҳиди давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасониии логистикӣ», ки бо фармоиши Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 феврали соли 2013 тасдиқ карда шудааст ва мавриди татбиқи он дар ҳолати мазкур гирифтани хулосаи тахассусии мақомоти ваколатдори давлатиро талаб мекунад.
Бинобар ин, бо таъйиноти Суди конститутсионӣ баррасии парванда аз рӯи дархости пешниҳодшуда мавқуф гузошта шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






