Судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ ба гирифтани беш аз 100 ҳазор доллари амрикоӣ ҳамчун пора айбдор дониста мешавад
Душанбе, 24.06.16. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон судяи Суди ноҳияи Рӯдакӣ Искандар Саидзода Туйчӣ дастгир карда шуд.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти агентии мазкур хабар доданд, номбурда ҳамчун шахси мансабдори вазифаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ишғол намуда, ҳангоми баррасии парвандаи ҷиноятӣ бо айбдории шаҳрвандон «А» ва «Б» дар содир намудани ҷинояти дар моддаи 247 қисми 4 банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади гирифтани пора, бо ваъдаи пуштибонии умумӣ дар раванди баррасии судии парвандаи ҷиноятӣ, дар утоқи кории худ, аз судшавандагон «А» ва «Б» сараввал маблағи 2500 доллари амрикоиро шахсан ба сифати пора талаб намуда, гирифт. Бар замми ин, дар муддати тахминан ду ҳафтаи минбаъда, судя Саидзода Искандар Туйчӣ зимни баррасии парванда, дар ду мавриди дигар боз бо ваъдаи пуштибиноии умумӣ дар ҷараёни баррасии судӣ аз судшавандагон «А» ва «Б» ба сифати пора маблағи 2000 доллари амрикоӣ ва 5000 доллари амрикоӣ шахсан талаб намуда, дар утоқи кории худ аз номбурдагон ҷамъ 7000 доллари амрикоиро шахсан гирифт. Инчунин тахминан аввалҳои моҳи апрели соли 2016 судя Саидзода Искандар Туйчӣ зимни баррасии ҳамин парвандаи ҷиноятӣ, кирдорҳои қасдонаи ҷинояткоронаи худро идома дода, зери таҳдиди таъйини ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маблағи 50000 доллари амрикоиро дар утоқи кории худ аз судшавандагон «А» ва «Б» гирифта, бо ҳукми суди ноҳияи Рӯдакӣ нисбат ба судшавандагон «А» ва «Б» ҷазои ғайриҳабсӣ, яъне ҷазо дар намуди ҷарима татбиқ кард. Судя Саидзода И.Т. аз маблағҳои пулии гирифтааш қонеъ нашуда, аз судшавандагони мазкур боз 50 000 доллари амрикоӣ талаб намуд. Оид ба ҳолати мазкур 17 июни соли 2016 нисбат ба судяи Суди ноҳияи Рӯдакӣ Саидзода Искандар Туйчӣ барои дар маҷмӯъ гирифтани яксаду ёздаҳ ҳазор доллари амрикоӣ бо моддаи 319 қисми 4 банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, айни замон тафтиши пешакӣ бо парвандаи ҷиноятӣ идома дорад.








13 август дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ноҳияи Тоҷикобод 20 ҳазору 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар шаш моҳ ба маблағи беш аз 487 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили гандум идома дорад
Дар Тоҷикистон Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






