Таҷдиди сомонаи Телевизони Тоҷикистон
Душанбе, 22.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Масъулини сайти Телевизиони Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки сайти телевизион таҷдид гардида, пас аз муддати кӯтоҳ дубора фаъол гардонида шуд.
Телевизиони Тоҷикистон, ки қаблан бо номи Шабакаи якум маъруф буд, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номи худро ба Телевизиони Тоҷикистон иваз кард.
Бинобар ин, тибқи иттилои мусъулин сомонаи расмии Телевизиони Тоҷикистон низ таҷдид ва такмил гардид. Сомона дар доменҳои www.tvt.tj ва www.1tv.tj фаъол буда, дар ҷадидтарин технологияи сайтсозӣ сохта шудааст.
Сомонаи нави телевизион аз бахшҳои «Хабар», «Сиёсат», «Иқтисод», «Фарҳанг», «Фароғат», «Ҷавонон», «Сайёҳӣ», «Чеҳраҳои Телевизион» ва ғ. иборат аст.
Тамошобинон минбаъд метавонанд, ки аз тариқи сомона Телевизиони Тоҷикистонро ба таври онлайн тамошо кунанд. Ҳамчунин, видеомаводи идораи барномаҳои иттилоотӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангию фароғатӣ, ҷавонӣ ва сайёҳиро метавонанд тамошо ва дастрас кунанд.
Инчунин дар сомона бахшида ба санаҳои муҳими таърихӣ саҳифаҳои вижае, чун «25 соли Истиқлол» боз шуда, банерҳои ҷашнӣ гузошта шудаанд.
Ҳамин тариқ, Телевизиони Тоҷикистон ва сомонаи он ҳамарӯза барои инъикоси сиёсати давлатӣ ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иттилооти саҳеҳу саривақтӣ ҳамарӯза фаъолияти худро идома дода истодаанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






