Таҳкими ваҳдати миллӣ ва ватандўстӣ байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва диаспораҳои тоҷик

Июнь 25, 2016 10:25

Душанбе, 25.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Таҳкими ваҳдати миллӣ ва ватандўстӣ байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва диаспораҳои тоҷик», таҳти ин унвон дар шаҳри Хоруғ бо ибтикори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 19-солагии Рўзи ваҳдати миллӣ конфронси илмӣ баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ, Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорти меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Тоҳир Каримзода баромад намуда зикр кард, ки имрўз бо ҳукми тақдир ҳазорон нафар ҳамватанони мо дар хориҷи кишвар зиндагӣ мекунанд, аммо онҳо худро берун аз ватан ҳис намекунанд. Ҳукумати мамлакат бо ҳидояти Пешвои миллат барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онҳо дар доираи муносибатҳои дипломатӣ бо кишварҳое, ки ҳамватанони мо дар он ҷо кору зиндагӣ доранд, тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ мекунад.
Ў инчунин, ба он нуқта ишора намуд, ки имрўз фақат дар қаламрави Федератсияи Русия бештар аз 80 диаспораи тоҷикон расман ба қайд гирифта шудаанд, ки онҳо дар муаррифӣ намудани миллати тоҷик, таъриху фарҳанг, расму русуми он, ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ дар доираи қонунҳои амалкунандаи ин кишвар нақши меҳвариро ба ҷо меоранд. Ин диаспораҳо бо мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, инчунин бо ҳукуматҳои маҳаллӣ равобити доимӣ доранд ва дар ҳалли қазияҳое, ки ҳамватанони мо бо онҳо рў ба рў ҳастанд саҳмгузорӣ менамоянд.
Ҳамчунин дар чорабини қайд гардид, ки  бо кўмак ва дастгирии молиявии муҳоҷирони меҳнатӣ дар деҳоти вилоят иншооти иҷтимоӣ таъмиру навсозӣ мегарданд, роҳҳои маҳаллӣ сохта, оромгоҳҳо ба тартиб дароварда шуда, толору майдонҷаҳои варзишӣ ва хатҳои обгузар бунёд карда мешаванд.

Июнь 25, 2016 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад