Таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ дар Вазорати кишоварзӣ

Июнь 25, 2016 11:21

Душанбе, 25.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 19-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ дирӯз дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Муовини якуми вазири кишоварзӣ Нусратулло Нозанинзода зикр намуд, ки  имсол таҷлили 19-умин солгарди Ваҳдати миллӣ дар давраи истиқболи 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омадааст ва барои сазовор ҷашн гирифтани ин ду санаи воқеан ҳам таърихӣ тамоми мардуми кишвар масъулият ва ифтихори бузургеро ба зимма доранд. Ҳамин аст, ки кишоварзони ҷумҳурӣ бо дарки масъулиятшиносӣ ва ҳисси баланди меҳанпарастӣ аз дастуру супоришҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯҳу илҳоми тоза гирифта,  баҳри сазовор ҷашн гирифтани ин санаҳои таърихӣ, барои пурнозу неъмат гардонидани дастурхони аҳолӣ, ба даст овардани ҳосили фаровони зироатҳои кишоварзӣ ва расидан ба амнияти озуқавории кишвар тамоми саъю кӯшиши худро ба харҷ дода истодаанд.
Муовини директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Идиев оид ба таърих ва моҳияти тақдирсози Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ сухан гуфт.
Ба ифтихори Ваҳдати миллӣ дар зерсохторҳои Вазорати кишоварзӣ низ чорабиниҳои хотирмон доир гардиданд.

Июнь 25, 2016 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд