«Табобат ба ҷои ҷазо»: Дар Душанбе масъалаҳои нашъамандӣ муҳокима гардиданд
Душанбе, 22.06.16. /АМИТ «Ховар»/. 22 июн дар арафаи Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди суиистеъмоли маводи нашъаовар ва муомилоти ғайриқонунии он дар Агентии назорати маводи нашъаовари (АНМН) назди Президенти ҶТ бо дастгирии дафтари Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ суҳбат оид ба масъалаҳои нашъамандӣ дар мавзӯи «Табобат ба ҷои ҷазо» баргузор гардид.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти АНМН хабар доданд, мақсади асосии гузаронидани вохӯрӣ аз муттаҳид намудани кӯшишҳои ҳамаи сохторҳои манфиатдор дар созмон додани тамоюлҳои нав дар сиёсати зиддимухаддиротӣ бо назардошти ҳимояи ҳуқуқҳои гурӯҳҳои осебпазири аҳолии Тоҷикистон иборат буд.
Дар суҳбат муовини директори агентӣ М.Ҳайдарзода зикр намуд, ки сиёсати зиддимухаддиротии ҳукумати ҷумҳурӣ ба тақвият додани назорат аз болои маводи нашъаовар, мустаҳкам намудани иқтидори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ равона карда шудааст. Бинобар ин, ҳамаи кӯшишҳоро ба мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар равона бояд кард, ҳамзамон ҳамкориро бо созмонҳои байналмилалӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар самти фаъолият бо гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ аз ҳисоби нашъамандон ва беморони ВНМО ташкил намудан зарур аст.
Иштирокдорони вохӯрӣ масъалаҳоро вобаста ба чораҳои қиёсӣ, ки ба коҳиши талабот ба маводи нашъаовар ва расонидани кумак ба истеъмолкунандагони маводи нашъаовар равона гардидаанд, муҳокима намуданд.
Дар чорабинии мазкур муаррифиномаҳои ҳамаи идораҳои манфиатдор, инчунин андешаҳои намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ки бо масъалаҳои шахсони нашъаманд машғул мебошанд, пешкаш гардид.
Аз рӯи натиҷаи вохӯрӣ қатънома қабул гардид, ки дар он дар назди Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ таъсиси гурӯҳи корӣ оид ба омода сохтани механизми таҳияи амалии чораҳои қиёсӣ, инчунин муайян намудани ҳайати гурӯҳи корӣ аз ҳисоби коршиносони вазорату идораҳо, коркарди нақшаи корӣ, муайян намудани сарчашмаи маблағгузорӣ ва дастгирии техникӣ барои фаъолияти самараноки гурӯҳи корӣ пешбинӣ шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






