Тафсири сиёсати энергетикии Пешвои миллат

Июнь 11, 2016 13:03

Душанбе,11.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва 80- солагии ШСХК «Барқи Тоҷик» таҳти   унвони «Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва рушди соҳаи энергетика» китоби энергетики касбӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Аслиддин Назарзода бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр шуд.
«Хидматҳои бузурги Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари сулҳофариниву ваҳдатсозӣ, инчунин ҳамчун муаллиф ва ҳидоятбахши барномаҳое, ки ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар боис гардидаанд ва мегарданд, хеле дурандешона ва манфиатбахшанд. Аз ҷумла, дар соҳаи энергетика низ»,- омадааст дар муқаддимаи китоб.
Аз ин рў, муаллиф дар пеши худ вазифа мегузорад, ки бобати сиёсати энергетикии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки воқеан ҳам ба рушди ин соҳаи муҳими иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишвар мусоидат менамояд, чанд нуктаро таъкид намояд.
Дар китоб талошҳои Сарвари давлат бобати қатъ нагардидани корҳо дар бунёди Неругоҳи «Помир-1» ва  новобаста ба вазъи мураккаби сиёсӣ ва барои ҳаёти шахсии ў хатарнок  шахсан дар ифтитоҳи расмии ба кор оғоз намудани   навбати якуми ин неругоҳ бо тавоноии 14 000 кВт, ки  26 марти соли 1994 баргузор шуд,  иштирок ва суханронӣ намудани Эмомалӣ Раҳмон,  гуфтушунидҳо бобати бунёди неругоҳҳои «Сангтўда-1» ва «Сангтўда-2», таҷдиди неругоҳи  асосии кишвар  НБО-и Норак  ва дигар паҳлўҳои ривоҷи соҳа дар солҳои истиқлолият сухан меравад. Дар баробари ин расмҳои Сарвари давлат ҳангоми сафарҳои корӣ ва ифтитоҳи иншооти энергетикӣ дар китоб чоп шудаанд.
Бо боварӣ метавон гуфт, ки нашри ин китоб бо теъдоди 2000 нусха туҳфаи хубест ба ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатии кишвар ва аз он мутахассисон соҳа, таърихнигорон ва донишҷўён метавонанд маълумоти зиёде дастрас намоянд.

Июнь 11, 2016 13:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа