Таъмини истироҳати бофароғати хонандагон дар Хатлон
Душанбе, 17.06.16./АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таъмини истроҳати хонандагон дар Раёсати маорифи вилояти Хатлон семинари вилоятӣ бо мутасаддиёни шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати хуб гузаронидани таътили тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2016 баргузор гардид, ки дар кори ҷаласа муовини раиси вилояти Хатлон Хидирзода Махфират ва намояндагони маркази санитарӣ-эпидемиологӣ, Хадамоти оташнишонӣ, Бозрасии давлатии автомобилӣ, Раёсати вазорати корҳои дохилӣ, иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми вилоят иштирок намуданд.
Сармутахасиси раёсати маориф Д. Сафаров оид ба ҳолати истироҳатгоҳҳои хонандагон сухан гуфт. Мутасаддиён инчунин оид ба ташкили кори истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ, майдончаҳои наздимактабӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар истироҳатгоҳҳо ҳарф заданд.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






