Ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулоти ғизоӣ дар Бадахшон аз ҷониби Агентӣ
Душанбе,24.06.2016/АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ярмарка- фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ ташкил намуда, ҳудуди 300 тонна маҳсулоти ниёзи аввал, аз қабили орд, шакар, равғани растанӣ, биринҷ ва дигар навъи маҳсулотро ба фурӯш гузоштааст.
Абдукарим Раҳимов, сардори Раёсати ташкил ва ташаккули сарватҳои моддии захираи давлатии Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар суҳбат ба хабарнигори «Ховар» гуфт, ки нархи маҳсулоти хӯроквории ярмаркаҳо дар қиёс бо нархи бозор нисбатан арзон буда, он бо мақсади ғанӣ гардонидани хони идонаи сокинони Бадахшон андешида шудааст.
Ҳамзамон Абукарим Раҳимов афзуд, ки дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба 545 оилаи аз офатҳои табиӣ дар соли 2015 зарардидаи Бадахшон 65 тонна маҳсулоти хӯрокворӣ ҳамчун кумаки якдафъаина тақсим карда шуд, ки ба ҳар як оила ду халта орд, як бастагӣ, ки аз шакар, биринҷ, равған, макарон, намак ва маҳсулоти лубиёӣ иборат аст, рост меояд.
Бояд тазаккур дод, ки Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ шурӯъ аз соли 2010 ба сокинони Бадахшон ҳудуди 111 миллион сомонӣ кумак ва маҳсулоти гуногуни ниёзи аввалро ба фурӯш гузоштааст. Инчунин Агентии захираҳои моддии давлатӣ дар Бадахшон намояндаи ваколатдори худро дошта, дорои чандин муассисаю корхона ва анборҳост. Яке аз корхонаҳои ордбарории Агентӣ дар ноҳияи Шуғнон воқеъ буда, иқтидори шабонарӯзии он истеҳсоли 50-60 тонна орд мебошад. Инчунин Агентӣ тасмим гирифтааст, ки дар оянда дар ноҳияи Рӯшон анбор барои нигоҳдошт ва захираи маҳсулоти хӯрокворӣ бунёд намояд.
Бояд тазаккур дод, ки соли равон ҷашни Ваҳдати миллӣ дар Бадахшон бо иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад.








Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид






