Тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон: тарҳрезии барномаи омодагӣ ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё-2016
Душанбе, 29.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо таъйини сармураббии нав дастаи мунтахаби ҷавонони мамлакат(U-19) оид ба футбол барномаи омодагӣ ба бозиҳои ниҳоии Чемпионати Осиё-2016-ро , ки 13 — 30 октябр дар Баҳрайн мегузарад, тарҳрезӣ намуд. Футболбозони мо таҳти роҳбарии Виталий Левченко марҳалаи аввали тайёриро аз 1 июл то 12 июл дар шаҳри Норак гузаронида, дар шаҳри Душанбе 12 июл бозии таҷрибавии худро бо дастаи мунтахаби олимпии Қирғизистон(U-21) барпо менамоянд.
Тибқи барномарезӣ дастаи мунтахаби ҷавонон охири моҳи июл дар мусобиқаи байналмилалии дастаҳои мунтахаби то 19-солаи иштирокдорони Ассотсиасияи футболи кишварҳои Осиёи марказӣ, ки дар шаҳри Тошканд аз 5 то 12 август мегузарад, ширкат меварзад.
Қабл аз бозиҳои ниҳоӣ дар Баҳрайн тими мунтахаби ҷавонон марҳалаи тайёрии навбатиро дар яке аз кишварҳои арабӣ паси сар хоҳад кард.
Ёдрас мешавем, ки тими мунтахаби мамлакат дар гурӯҳи « D» якҷоя бо дастаҳои мунтахаби Австралия, Узбекистон ва Чин барои ду роҳхат аз гурӯҳ ба даври минбаъда мубориза мебаранд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






