Тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон: тарҳрезии барномаи омодагӣ ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё-2016

Июнь 29, 2016 14:06

Душанбе, 29.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо таъйини сармураббии нав  дастаи мунтахаби ҷавонони мамлакат(U-19)  оид ба футбол барномаи омодагӣ ба бозиҳои ниҳоии Чемпионати Осиё-2016-ро , ки 13 — 30 октябр дар Баҳрайн мегузарад, тарҳрезӣ намуд. Футболбозони мо таҳти роҳбарии Виталий Левченко марҳалаи аввали тайёриро аз 1 июл то 12 июл дар шаҳри Норак гузаронида, дар шаҳри Душанбе 12 июл бозии таҷрибавии худро бо дастаи мунтахаби олимпии Қирғизистон(U-21) барпо менамоянд.
Тибқи барномарезӣ дастаи мунтахаби ҷавонон охири моҳи июл дар мусобиқаи байналмилалии дастаҳои мунтахаби то 19-солаи иштирокдорони Ассотсиасияи футболи кишварҳои Осиёи марказӣ, ки дар шаҳри Тошканд аз 5 то 12 август мегузарад, ширкат меварзад.
Қабл аз бозиҳои ниҳоӣ дар Баҳрайн тими мунтахаби ҷавонон марҳалаи тайёрии навбатиро дар яке аз кишварҳои арабӣ паси сар хоҳад кард.
Ёдрас мешавем, ки тими мунтахаби мамлакат дар гурӯҳи « D» якҷоя бо дастаҳои мунтахаби Австралия, Узбекистон ва Чин барои ду роҳхат аз гурӯҳ ба даври минбаъда мубориза мебаранд.

Июнь 29, 2016 14:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Лахш бо мақсади пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ вохӯрӣ доир шуд
Кадом шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо дар Тоҷикистон маъруфанд
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 40 дараҷа мерасад
Дар Душанбе марҳилаи дуюми Лоиҳаи «Тавонмандсозии марказҳои матбуотӣ ва ҳамкории онҳо бо ВАО» оғоз ёфт
Дар вилояти Хатлон гардиши савдои хориҷӣ ба 210,2 миллион доллар баробар гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Кӯдакону наврасони ноҳияи Шаҳринав ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар Хатлон ташаббуси вилоятии «Саҳми ман дар ободии Ватан» доир карда мешавад
Беш аз 5 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 873 миллион сомониро ташкил дод
Кишоварзони Кӯлоб аввалин маротиба зери плёнка чигит кишт намуданд