Тоҷикистон дорои қонуни рушди туризми дохилӣ мегардад
Душанбе, 07.06.2016/АМИТ «Ховар»/. Дар оянда палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рушди туризми дохилӣ»-ро қабул хоҳад кард. Алҳол лоиҳаи қонуни мазкур дар марҳилаи таҳия қарор дошта, аз ҷониби гурӯҳи корӣ, ки аз ҳисоби вакилони Маҷлиси намояндагон ва мутахассисону масъулини вазорату идораҳои марбутаи кишвар созмон дода шудааст, мукаммал ва баррасӣ мегардад.
Дар ин росто 7 июн дар Парлумони кишвар ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рушди туризми дохилӣ» баргузор гардид. Зикр шуд, ки дар шароити феълӣ рушди туризми дохилӣ яке аз усулҳои муосир ва даромаднок барои кишварҳои рӯ ба рушд, назири Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Тавассути рушди туризми дохилӣ имконият фароҳам меояд, ки дар муддати кӯтоҳ ва сарфаи маблағ хадамоти зиёди туристӣ фароҳам оварда шуда, маърифат ва фарҳанги шаҳрвандон дар бахши хизматрасонии туристӣ баланд бардошта шавад.
Бояд тазаккур дод, ки таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рушди туризми дохилӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагон дар марҳилаи таҳия қарор дорад.
Лоиҳаи қонуни мазкур аз 11 боб ва 65 модда иборат буда, фарогири муносибатҳои ҳуқуқии танзимӣ дар бахши туризми дохилӣ ва рушди ин соҳаи афзалиятнок аст.








12 август дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ, Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили гандум идома дорад
Дар Тоҷикистон Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«МЕЪМОР-2026». Озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ ҷамъбаст шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли равғани растанӣ зиёд гардидааст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт чор иншооти нав ба истифода дода шуд






