Тоҷикистонро боз рӯзҳои гарм интизоранд

Июнь 28, 2016 16:29

Душанбе, 28.06.16. /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи пешгӯии ҳавошиносон давоми панҷ рӯзи наздик дар ҷумҳурӣ ҳавои софи бебориш дар назар дошта шуда, ҳарорати ҳаво то ба 43 дараҷа  мерасад.
Бинобар иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон то 3 июл дар  тамоми ноҳияҳои водии  Тоҷикистон ҳавои соф пешгӯӣ шуда,  рӯзҳои 30 июн -1 июл дар  баъзе ноҳияҳои кӯҳии минтақаи шимолӣ эҳтимоли боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Баландтарин ҳарорат дар ин рӯзҳо  дар  минтақаи ҷанубии ҷумҳурӣ  дар назар дошта шудааст, ки то 43 дараҷа гарм хоҳад шуд. Ҳамчунин дар ин рӯзҳо дар ноҳияи Хатлон ҳавои ғуборолуд дар назар аст. Мизони поинтарин ҳарорат дар ВМКБ буда, интизор меравад  33 дараҷа гарм шавад.
Дар Душанбе ва Суғд низ ҳавои бебориш дар назар дошта шуда, харорати ҳаво   то ба 41 дараҷа гармӣ хоҳад расид .
Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ,  чунин гармӣ дар охири моҳи аввали тобистон аз рӯи нишондод мувофиқи меъёр дониста мешавад.

Июнь 28, 2016 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад