Тоҷикистонро гармтарин рӯзҳо интизоранд
Душанбе, 06.06.16. /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи пешгӯии ҳавошиносон давоми даҳ рӯзи наздик дар ҷумҳурӣ ҳавои софи бебориш дар назар дошта шуда, ҳарорати ҳаво то ба 44 дараҷа хоҳад расид.
Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон то 15 июн дар тамоми ноҳияҳои водии Тоҷикистон ҳавои соф пешгӯӣ шуда, рӯзҳои 10-11 июн дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии минтақаи шимолӣ эҳтимоли боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Баландтарин ҳарорат дар ин рӯзҳо дар минтақаи ҷанубии ҷумҳурӣ дар назар дошта шудааст, ки то 44 дараҷа гарм хоҳад шуд. Мизони поинтарини ҳарорат дар ВМКБ буда, интизор меравад ҳаво 30-32 дараҷа гарм шавад.
Дар Душанбе ва Суғд низ ҳавои бебориш дар назар дошта шуда, ҳарорат то ба 40 дараҷа хоҳад расид.
Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ, чунин гармӣ дар рӯзҳои аввали тобистон аз меъёр 2-3 дараҷа зиёд ҳисобида мешавад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






