Тоҷикобод: Дар Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оилаи Қадим Туйчиев сазовори ҷойи аввал гардид
Тоҷикобод, 30.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Даври аввали Мусобиқаи ҷумҳуриявии беҳтарин шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳалла ва хонаю оилаи намунавӣ дар сатҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Тоҷикобод ҷамъбаст гардид, ки дар он оилаи Қадим Туйчиев, сокини деҳаи Мазори поёни ҷамоати Лангари шоҳи ноҳия сазовори ҷойи аввал дониста шуд. Ӯ оиладор ва соҳиби фарзандони маълумотдор мебошад. Қадим Туйчиев айни замон сардухтури ноҳия буда, бо таҷрибаи 24- солаи кориаш сокинони ноҳияро табобат мекунад.
Тибқи андешаи масъулини ноҳия, озмуни мазкур барои баланд бардоштани ҳисси зебоипарастӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ, ҳашарҳои мардумӣ, ҷалб гардидани аҳолӣ ба корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии мардум мусоидат намуда, барои доштани зиндагии шоиста таъсир мерасонад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






