Украина бе ягон хол аз бозиҳои Ҷоми Аврупо-2016 берун шуд
Душанбе, 22.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Украина иштироки худро дар бозиҳои ниҳоии Ҷоми Аврупо -2016 рӯзи гузашта дар гурӯҳи «С» бе ба даст овардани имтиёз ба анҷом расонд. Футболбозони ин кишвар дар се вохӯрӣ мағлуб шуда, аз дарвозаашон 5 тӯб гирифтанд ва ягон голро ба нишон нарасониданд.
Дар рақобати охирини худ тими мунтахаби Украина аз Лаҳистон бо нишондоди 1:0 мағлуб шуд. Расонаҳо менависанд, ки дастаи мунтахаби Украина дар Чемпионати имсола бозии хуб нишон дода бошад ҳам, натавонист дарвозаашро аз гол эмин нигоҳ дорад ва иқтидори хати ҳуҷумашро истифода барад.
Дар ин гурӯҳ тими мунтахаби Олмон баъди дастоварди навбатиаш дар баробари Ирландияи Шимолӣ(1:0) бо Лаҳистон 7 имтиёзро соҳиб шуд ва аз нигоҳи таносуби тӯбҳо дар мавқеи аввал ҷой гирифт
Ба ҳамин тартиб баъди ба анҷом расидани бозиҳо дар ду гурӯҳи дигар ҳама иштирокдорони бозиҳои 1/8- ниҳоӣ маълум хоҳанд шуд.
Гурӯҳи С.
| N | Дастаҳо | Б | Ғ | М | Б | Т/т | И |
| 1 | ОЛМОН | 3 | 2 | 1 | 0 | 3-0 | 7 |
| 2 | ПОЛША | 3 | 2 | 1 | 0 | 2-0 | 7 |
| 3 | ИРЛАНДИЯИ Ш. | 3 | 1 | 0 | 2 | 2-2 | 3 |
| 4 | УКРАИНА | 3 | 0 | 0 | 3 | 0-5 | 0 |








«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид






