Ҳунари духтарони гимнастбоз дар шаҳри Душанбе

Июнь 6, 2016 08:25

Душанбе, 06.06.2016, /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони навраси тоҷик дар мусобиқаи кушоди шаҳри Душанбе аз рӯи намуди гимнастикаи бадеӣ бо ҳам ҳунар озмуданд. Гимнастбоздухтарон дар мусобиқоти инфиродӣ ва гурӯҳӣ барномаҳои рангину шево ва мавзуну зебо пешниҳод карданд. Мусобиқаи мазкур бо ширкати 47 гимнастбози ҷавону наврас ва пешниҳоди барномаҳои ҷолиби бадеӣ, гурӯҳӣ ва инфиродӣ сурат гирифт. Ташаббускори  чорабинӣ Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Сабқатҳо миёни варзишгарон дар 9 намуди  синнусолӣ- миёни аз 6 то 17-солаҳо баргузор гардиданд.
Дар толори варзишӣ ҳаводорони ин риштаи варзиш ва волидайни варзишгарони наврас ҳузур доштанд ва фарзандони худро дар рақобатҳо дастгирӣ намуданд.

Июнь 6, 2016 08:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд