Ҳунармандони Сирки тоҷик дар фестивали байналмилалии ҳунармандони сирк дар Миср ширкат меварзанд
Душанбе, 16.06.16. /АМИТ «Ховар»/. 20 июн дар Миср Фестивали байналмилалии сирк баргузор мегардад.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ хабар доданд, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҳамоиши ҷаҳонӣ 8 ҳунарманди Сирки кишварамон- Обид Эргашев, Далер Эргашев, Муҳаммадҷон Музаффаров, Асадулло Раҳимов, Мастона Собирова, Нилуфар Шоева ва Гулнора Ҳусейзода муаррифӣ мекунанд.
Ҳамчунин тибқи даъвати ширкати TMAX як гурӯҳ ҳунармандони Сирки тоҷик моҳи июли соли равон дар Барномаи байналмилалии санъати сирк, ки дар Арабистони Саудӣ доир мегардад, ширкат варзида, дар қатори ҳунармандон аз Италия, Африка, Русия ва дигар мамлакатҳои ҷаҳон санъати сирки миллиро муаррифӣ менамоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






