Ҳунармандони Сирки тоҷик дар фестивали байналмилалии ҳунармандони сирк дар Миср ширкат меварзанд

Июнь 16, 2016 16:04

Душанбе, 16.06.16. /АМИТ «Ховар»/. 20 июн дар Миср Фестивали байналмилалии сирк баргузор мегардад.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ хабар доданд, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҳамоиши ҷаҳонӣ 8 ҳунарманди Сирки кишварамон- Обид Эргашев, Далер Эргашев, Муҳаммадҷон Музаффаров, Асадулло Раҳимов, Мастона Собирова, Нилуфар Шоева ва Гулнора Ҳусейзода муаррифӣ мекунанд.
Ҳамчунин тибқи даъвати ширкати TMAX як гурӯҳ ҳунармандони Сирки тоҷик моҳи июли соли равон дар Барномаи байналмилалии санъати сирк,  ки дар Арабистони Саудӣ доир мегардад,  ширкат варзида, дар қатори ҳунармандон аз Италия, Африка, Русия ва дигар мамлакатҳои ҷаҳон санъати сирки миллиро муаррифӣ менамоянд.

Июнь 16, 2016 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имсол дар Тоҷикистон дар беш аз 186 ҳазор гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ гузаронида мешавад
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар беш аз 10 ҳазор гектар пунбадона кишт намуданд
Дар Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор гектар шолӣ кишт шудааст
Дар «Ҳамсафар» 300 нафар хонандагон ба истироҳат ҷалб гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
Дар назди 4 муассисаи таълимӣ ноҳияи Рӯдакӣ хонаи хизматии омӯзгорон бунёд карда мешавад
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои баргузории Фестивали бозиҳои варзиши миллӣ оғоз гардиданд
Ҷаласаи 6-уми роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба ҳифзи муҳити зист доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бо мақсади тақвияти устувории шаҳрҳо ба хавфи офатҳо ва тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ машварат доир гардид
«ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ!». Дар шаҳри Ҳисор ташкилоти ибтидоии нави Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад