Ваҳдати миллии тоҷикон ваҳдати тамоми халқиятҳо дар Новосибирск аст

Июнь 27, 2016 13:31

Душанбе, 27.06.2016/АМИТ «Ховар»/.  Баргузории ҷашну чорабиниҳои милливу давлатӣ аз ҷониби ҳамватанони дар шаҳру вилоятҳои ФР будаамон, ки сарбаландона паи фаъолиятанд, аз эҳсоси баланди ватандӯстиву орияти волояшон дарак медиҳад. Чанд сол аст, ки аз ҷониби ҳамватанони дар шаҳри Новосибирск будаамон ҷашни Ваҳдати миллӣ ҳамчун ҷашни ба ҳам омаданҳову ҷашни эҳёи дубораи миллату ватан бо рӯҳияи баланд ва ширкати васеи ҳамватанону меҳмонон таҷлил мегардад. Бояд зикр кард, ки дар шаҳри Новосибирск зиёда аз 38 ҳазор ҳамватанонамон  кору зиндагӣ карда, дар як вақт нақши муносиби худро дар ободиҳои Тоҷикистони ба ҷон баробарамон мегузоранд.
Чанде пеш дар майдони варзишии Локомотиви шаҳри Новосибирск ҳазорҳо ҳамватанон ва меҳмонон аз шаҳру вилоятҳои Новокузнетск, Иркутск, Абакан, Омск, Томск, Красноярск  ҷамъ омада,  ҳамраъйиву сарҷамъии хешро дар ин рӯзи муқаддасу фархунда бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ нишон доданд.  Маърака бо ибтикори ҷамъияти минтақавии тоҷикони Новосибирск бо номи «Дӯстӣ», ки ба он Сияршо Абдуҷабборов сарварӣ мекунад ва соҳибкори муваффақи тоҷик Раҳимҷон Бобоҷонову бародаронаш, ки дорои ҳуввияти баланди миллӣ буда, пайваста барои ободиҳои Ватан саҳмгузоранд, инчунин  дигар ҷавонмардони асили тоҷик, аз қабили Асомуддин Сироҷов,Муҳаммадӣ Давлатов, Эмомалӣ Авазов ва садҳо нафар ҳамватанони дигар баргузор гардид.
Дар чорабинӣ тамоми миллатҳои маскуни Новосибирск, аз қабили  қирғизҳову озариҳо, узбекҳо, русҳо, шорсҳо, тоторҳо ширкат варзида, бо рақсу сурудҳои ҷолиб ва баромадҳои пурмуҳтаво дар бораи фарҳангу таърихи тоҷикон ба маърака шукӯҳи дигаре бахшиданд.
Табиист, ки чун мардуми тоҷик мардуми сарбаланду ғаюр ҳастанд, ягон чорабиниро наметавон бе гӯштини миллии тоҷикӣ тасаввур кард, ки имрӯзҳо ин намуди гӯштин дар миёни дигар миллатҳо низ маҳбубияти хосаро касб кардааст.  Дар ин рӯз паҳлавонон аз тамоми минтақаи Сибир  ҷамъ омада, бо майдондории зебои худ хотири ҳаводорони ин намуди зебои варзиши аслии тоҷиконро шод карданд.    Дастаҳои ҳунарии ҳунармандони Новосибирск бо рақсу таронаҳои марғуб ба  маҳфили  идона шукӯҳи хосса бахшиданд.

 Садбарг Боқиева, Новосибирск, ФР.

Июнь 27, 2016 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикаи Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикаи Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид
Ҷалби сармояи Чин ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид