«Ваҳдату ободият ҷовидон бод, Тоҷикистонам»,- нишасти идона дар Тотористон

Июнь 18, 2016 10:29

Душанбе, 18.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони ФР аз ҷониби аъзои фаъоли Ҷамъияти тоҷикон, ки ба он Ҳикматулло Гадоев сарварӣ мекунад, дар якҷоягӣ бо донишҷӯёни тоҷикистоние, ки дар донишгоҳҳои гуногуни Тотористон сарбаландона таҳсил карда истодаанд, таҳти унвони «Ваҳдату  ободият ҷовидон бод, Тоҷикистонам» нишасти идона баргузор гардид. Дар чорабинии идона инчунин роҳбарияти хонаи «Дӯстии халқҳо» ширкат варзида, дар бораи мардуми соҳибфарҳанг будани тоҷикон сухан гуфтанд.
Ҳикматулло Гадоев нақши сулҳу ваҳдати миллӣ ва таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, новобаста аз нажоду халқият ва ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз кардани ваҳдату сарҷамъии миллатамонро таъкид карда, изҳор дошт, ки ҳар як фарди тоҷикистонӣ, новобаста аз ҷоҳу мақом бояд ба қадри неъмати бебаҳо-сулҳу ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ расад, зеро омили ҳамаи пешравиҳову ободиҳо осоиштагиву амнияти кишварамон аст, ки маҳз тавассути сиёсати ободкоронаву сулҳҷӯёнаи Пешвои Миллат-Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омадаву боиси дубора эҳё гардидани мардуми тоҷик  гардид.

Садбарг Боқиева, Қазон, ФР.

Июнь 18, 2016 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд