«Ваҳдату ободият ҷовидон бод, Тоҷикистонам»,- нишасти идона дар Тотористон
Душанбе, 18.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони ФР аз ҷониби аъзои фаъоли Ҷамъияти тоҷикон, ки ба он Ҳикматулло Гадоев сарварӣ мекунад, дар якҷоягӣ бо донишҷӯёни тоҷикистоние, ки дар донишгоҳҳои гуногуни Тотористон сарбаландона таҳсил карда истодаанд, таҳти унвони «Ваҳдату ободият ҷовидон бод, Тоҷикистонам» нишасти идона баргузор гардид. Дар чорабинии идона инчунин роҳбарияти хонаи «Дӯстии халқҳо» ширкат варзида, дар бораи мардуми соҳибфарҳанг будани тоҷикон сухан гуфтанд.
Ҳикматулло Гадоев нақши сулҳу ваҳдати миллӣ ва таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, новобаста аз нажоду халқият ва ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз кардани ваҳдату сарҷамъии миллатамонро таъкид карда, изҳор дошт, ки ҳар як фарди тоҷикистонӣ, новобаста аз ҷоҳу мақом бояд ба қадри неъмати бебаҳо-сулҳу ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ расад, зеро омили ҳамаи пешравиҳову ободиҳо осоиштагиву амнияти кишварамон аст, ки маҳз тавассути сиёсати ободкоронаву сулҳҷӯёнаи Пешвои Миллат-Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омадаву боиси дубора эҳё гардидани мардуми тоҷик гардид.
Садбарг Боқиева, Қазон, ФР.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ: Тоҷикистон дар сатҳи 95 фоиз худро бо орд таъмин менамояд
Имсол кирмакпарварони ноҳияи Ёвон 21 тонна пилла супориданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Сокинони минтақаи Рашт ба зарардидагони офати табиии шаҳри Кулоб кумак расониданд
МегаФон Тоҷикистон: боз панҷ «Устоди алоқа»!
Доир ба нақши Президенти Тоҷикистон дар рушди забони давлатӣ силсилавохӯриҳо баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
Дар Балҷувон иқдоми «300 рӯзи ободонӣ» эълон гардидааст
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ нақшаи истеҳсоли пилла барзиёд иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад






