Варзоб: Оилаи Сангиновҳо беҳтарин дониста шуд

Июнь 8, 2016 15:54

Душанбе, 08.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Мутобиқи шартҳои Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оилаи Сангиновҳо аз деҳаи Ғажнеи  ноҳияи Варзоб  дар даври минтақавӣ  оилаи беҳтарин  дониста шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб хабар доданд.
Сардори оила Шомаҳмад Сангинов дар суҳбат ба хабарнигорон изҳор дошт, ки муваффақияти ҳар як оила дар тарбияи дурусти фарзандон, маълумотнокии онҳо, иҷрои корҳои хайру савоб, худшиносию ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ, ободонию тозакорӣ таҷассум мегардад. «Ин ҳама амалҳо ва сифатҳоеанд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар суханронии худ ба аҳолии мамлакат талқин менамоянд,- гуфт ӯ.
Дар деҳаи Ғажне нимпайкараи Қурбон Сангинӣ гузошта шудааст, ки аз гузаштагони Оилаи Сангиновахобарӯманди ин хонадон буда, дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ иштирок кардааст. Ӯ  солҳои 50-70-уми қарни гузашта дар дараи Варзоб ва берун аз он чун шоир ва рӯзноманигори ҳақиқатнигор ном бароварда буд. «7 майи соли 2015 мактаби тахсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳияи Варзоб ба номи Сангинов Курбон монда шуд, ки барои мо наберагон ва авлод ифтихор аст», — навиштааст дар саҳифаи худ дар Фейсбук узви ин хонадон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, мудири кафедраи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Дониёр Сангинов.
Деҳаи Ғажне дар ҷамоати деҳоти Варзоб-Қалъа аз калонтаринҳо маҳсуб ёфта, дар он 1502 хоҷагӣ умр ба сар мебаранд. Ҳамаи онҳо  дар Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат намуданд.
Дар ноҳияи Варзоб даври минтақавии Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст шуд. Бино ба иттилои комиссияи ноҳиявӣ,  дар даври ноҳиявии мусобиқа  намояндагони 7 ҷамоат (6 ҷамоати деҳот ва 1 ҷамоати шаҳрак)  иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки ин Мусобиқа ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, бо амри Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон № АП-681 аз 24 феврали соли 2016 барои муайян кардани оилаи намунавӣ, хонаи намунавӣ, деҳа, маҳалла, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят ва мақомоти марказии ҳокимияти давлатии беҳтарин эълон гардидааст ва марҳалаҳои он имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат идома доранд.

 

Июнь 8, 2016 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад