Вилояти Хатлон бори аввал аз воридсозандаи картошка ба содиркунандаи ин маҳсулоти серхаридор табдил ёфт

Июнь 25, 2016 10:26

Душанбе, 25.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Фаровонии ҳосили имсола имкон дод, ки содирот ба кишварҳои ҳамсоя роҳандозӣ шавад
Тавассути сиёсати оқилонаи Ҳукумати мамлакат дар ҷодаи кишоварзӣ вилояти Хатлон бори аввал аз воридсозандаи картошка ба содиркунандаи ин маҳсулоти серхаридор табдил ёфт.
Абдулмуъмин Улфатов, сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки картошкаро ҳатто дар замони авҷи қудрати Иттиҳоди Шӯравӣ аз Русия меоварданд.
«Имсол бори нахуст мо тавонистем, ки бо картошкаи худӣ ҳам бозорҳои мамлакатро таъмин намоем ва ҳам онро берун аз кишвар аз ҷумла, ба Афғонистону Покистон содир кунем. Ин навгонӣ боиси он гардид, ки ҳам нархи картошка дар ҷумҳурӣ арзон шавад ва ҳам маблағҳои иловагӣ ба даст оянд», — зикр намуд ӯ.
Ба иттилои номбурда, деҳқонони хатлонӣ ҷамъоварии ҳосили картошкаи барвақтиро аз моҳи апрел шурӯъ карданд. Ғун доштани ҳосил дар ноҳияҳои Муъминобод, Ховалинг, Шамсиддини Шоҳин ва баъзе минтақаҳои дигари нисбатан салқини вилоят ҳанӯз идома дорад. То ин муддат ҳосили бештар аз 40 дарсади заминҳои картошка ҷамъоварӣ гардидааст. Деҳқонони вилоят аз ҳар як гектар картошказор то 270 сентнерӣ ҳосил гирифта, истеҳсоли онро ба 51 ҳазор тонна расондаанд.

Июнь 25, 2016 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад