ВКД: Далелҳои қаллобӣ ошкор гардиданд
Душанбе, 22.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. 21 июн ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат зани 36-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Н.Розиқ дар он хусус муроҷиат намудааст, ки моҳи марти соли 2006 марди 20-солаи сокини ҷамоати шаҳраки мазкур, ки қаблан бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 6 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Тавре ки аз Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар доданд, зимни гузаронидани корҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки номбурда ҳамчунин дар содир намудани боз як ҷинояти қаллобии дигар даст доштааст. Ӯ бо роҳи фиреб ба боварии марди 33-солаи сокини ноҳияи Данғара даромада, аз ӯ 1 адад мошини шахсии тамғаи ЗИЛ-ро, ки арзишаш 4 ҳазору 500 доллари амрикоиро ташкил медиҳад, гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
Гумонбари далелҳои қаллобӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардид.
Кормандони милитсия дар вилояти Суғд низ дар ин рӯз як далели қаллобиро муайян ва ошкор намуданд. Марди 32-солаи сокини шаҳри Истаравшан бо ин ҷурм дастгир карда шуд, ки ӯ моҳи марти соли 2013 ба боварии шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон, марди 55-сола, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳраки Бӯстон даромада, 30 ҳазор доллари амрикоиашро гирифта, дигар барнагардонидааст.
Ҳамчунин ба ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансур зани 27-солаи сокини шаҳри Душанбе ба ҳамин монанд муроҷиат намудааст, ки моҳи декабри соли 2015 шаҳрвандон: марди 55-сола, зани 45-сола ва як нафар марди 33-солаи сокинони шаҳри Душанбе аз бовариаш суиистифода намуда, 8 ҳазору 200 доллари амрикоиашро гирифта, то ҳол барнамегардонанд.
Нисбат ба далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






