Вохӯрии кормандони осорхонаи Хатлон бо мактаббачагони лагери «Соҳил»
Душанбе, 30.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи «Авасто» дар истироҳатгоҳи бачагонаи Ҷамоати деҳоти Қизилқалъаи ноҳияи Хуросон бо мураббиён ва зиёда аз 81 нафар мактаббачагони лагери «Соҳил» дар мавзӯи «Дубора месозамат Ватан» вохӯрӣ баргузор намуданд.
Тавре аз хадамоти матбуотии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ кормандони осорхона бо бошандагони лагери «Соҳил» оид ба мафҳумҳои Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва таърихи гузаштаи халқи тоҷик суҳбати озод доир намуданд.
Дар ҷараёни суҳбат кормандони осорхона барои бошандагони лагери «Соҳил» намоиши сайёри нигораҳоро ташкил намуданд. Дар намоиш оид ба нигораҳои гилине, ки ба асри IX мелодӣ мутааллиқанд, маълумот доданд.
Баргузории ин гуна вохӯриҳо дар байни мактаббачагон дар тарбияи ахлоқиву маънавии онҳо саҳми босазо хоҳад гузошт.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






