Вохӯрии муҳоҷирони меҳнатӣ дар фурудгоҳ
Душанбе, 17.06.16./АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе омодааст як гурўҳ шаҳрвандони мамлакатро, ки соҳибкасб мебошанд, бо ҷойи кор дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Свердловски Федератсияи Русия таъмин намояд.
Дар ин бора 16 июни соли равон дар толори пеш аз парвоз дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар вохӯрии муовини сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Толиб Шарипов ва директори Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе Суҳроб Тошев бо як гурўҳ шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки тавассути тайёра ба самти шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербурги Федератсияи Русия равон буданд, иброз намуданд.
Инчунин С. Тошев зикр намуд, ки шахсоне, ки ба ин марказ муроҷиат мекунанд, ҳамаи ҳуҷҷатгузориҳояшон ройгон сурат мегирад. Зимни вохўрӣ бо мусофирони хатсайри Душанбе-Маскав ва Душанбе-Санкт-Петербург Т. Шарипов муфассал дар бораи тағйиру иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Русия дар самти муҳоҷират, гирифтани Сертификат, патент, полиси тиббӣ, суғуртавӣ, бастани шартнома бо корфармо, ҳолати будубош дар кишвари хориҷӣ, бахусус дар бораи он нафароне, ки вурудашон ба Федератсияи Русия манъ аст, сухан гуфт.
Ў афзуд, ки шаҳрвандони ҷумҳурӣ пеш аз сафар ҳатман ба раёсатҳо, шуъбаву бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои мамлакат муроҷиат намоянд.
Дар ин бора аз Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад






