Зарнисор Набиева бо Дипломи дараҷаи 1 сарфароз гардонида шуд
Душанбе, 09.06.2016 /АМИТ «Ховар»/.Дар шаҳри Петрозаводски Ҷумҳурии Карелияи Федератсияи Русия аз 19 то 22 майи соли равон Фестивал-озмуни байналмилалии пианинонавозони ҷавон таҳти унвони «Ҷаҳон ва мусиқӣ. Русия ва Полша» баргузор гардид.
Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарнисор Набиева, хонандаи синфи 8-уми муассисаи таълимии Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ба номи З.Шаҳидӣ дар фестивали мазкур ширкат варзида, бо Дипломи дараҷаи 1 сарфароз гардид.
Дар ин сафар Зарнисор Набиеваро омӯзгори сози фортепиано Ванда Макиевская ҳамроҳӣ мекард.
Дар консерт ҳайати ҳакамон, ки аз кишварҳои Беларус, Полша, Эстония ва Русия интихоб шуда буданд асарҳои иҷрогардидаи З.Набиева — намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро хуш пазируфта, ба онҳо баҳои баланд доданд.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






