«Зимчуруд» барои 250 хонанда дарҳояшро боз кард
Душанбе, 16.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ аз 15 июн сар карда, дар ду баст 1660 хонандаи муассисаҳои таълимӣ, кўдакони ятиму бепарастори мактаб-интернатҳои пойтахт ба истироҳат фаро гирифта мешаванд. Имрӯз лагери «Зимчуруд»-и ноҳияи Шоҳмансур барои 250 хонандаи мактабҳои ноҳия дарҳояшро боз кард. «Дар ин лагер инчунин 20 кӯдак аз мактаб интернати пойтахт қабул шуданд. Дар «Зимчуруд» хонандагон 21 рӯзӣ дар 2 баст қабул мегарданд. Дар басти 1 аз 16 то 7 июл ва дар басти дуввум аз 11 то 31 июл хонандагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд»,- иброз дошт мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур Файзӣ Қосимова.
Бино ба гуфтаи Ф.Қосимова, то қабули хонандагон истироҳатгоҳ таъмир карда шудааст. «Аз ҷониби Раёсат ва шуъбаҳои маориф барои истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ мураббиён, ҳамшираҳои ихтисосманд ва омўзгорони тарбияи ҷисмонию суруд ҷалб карда шудаанд. Аз ҷумла, бо пешниҳоди марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияҳо омода намудани гармкунакҳои хўрокпазӣ, харидории лавозимоти хўрокхўрӣ, харидории матоъҳои рўйҷойҳои хоб, таъмиру ҷо ба ҷо кардани катҳои хоб, рангубор намудани гурўҳҳои истироҳаткунандагон, омода намудани ҳавзҳои оббозӣ, тоза намудани атроф, рангубори фаршҳои гурўҳҳо ва ғайра ба анҷом расонида шуданд»,-иброз дошт Ф.Қосимова.
Дар соли 2016 барои маблағгузорӣ ҷиҳати таъмиру хўрокворӣ ва дигар маводи зарурӣ дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ва майдончаҳои солимгардонии назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Шоҳмансур 445 ҳазору 500 сомонӣ ҷудо карда шуд.
Сарвари фароғатгоҳи «Зимчуруд» Муҳиба Тошева мегӯяд, дар фароғатгоҳ 7 гурӯҳ фаъол буда, ба кӯдакон дар як рӯз 4 маротиба хӯрок дода мешавад.
«Дар ин ҷо 2 корманди тиббӣ, мураббияҳои пуртаҷриба ва муаллими тарбияи ҷисмонӣ бо кӯдакон кор мекунанд. Мо ҳамарӯза бо кӯдакон машқҳои варзишӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ, озмунҳои гуногун ва мусобиқаҳои варзишӣ мегузаронем»,-баён дошт М.Тошева.
Барои истироҳати пурсамари кудакон инчунин дар лагер китобхона низ кор мекунад, ки дар он ҷо кӯдакон имкон доранд ба хондани китобҳои бадеӣ машғул гарданд.
Бино ба гуфтаи мудири маорифи ноҳияи Шоҳмансур, кӯдакон дар ҷараёни истироҳат ба саёҳат рафта, баданашонро ҳамарӯза обутоб медиҳанд.
Кудакон дар лагер аз бозиҳои компютериву телефонҳои мобилӣ дур шуда, ба машғулиятҳои варзишӣ дар ҳавои тоза, оббозӣ, бозиҳои дастаҷамъона ҷалб мешаванд,- зикр намуд Ф.Қосимова.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






