Зимни ҳодисаи нохуш ҷавони 21-сола ҳалок гардид

Июнь 30, 2016 10:13

Душанбе,30.06.2016 /АМИТ «Ховар»/.  29 июни соли равон ронандаи мошини тамғаи «ВАЗ-2109 », марди 29-солаи сокини ноҳияи А.Ҷомӣ дар ҳудуди маҳаллаи Гулбуттаи пойтахт, дар лаби дарёи Душанбе бинобар ба охир расидани сӯзишворӣ маҷбуран таваққуф карда, барои дастрас намудани маводи сӯзишворӣ ба маркази хизматрасонии нақлиёт- «Автосентр» рафтааст.
Баъди рафтани ронанда нақлиёти мазкур дар нишебӣ ба ҳаракат даромада, ба чуқурии лаби дарёи Душанбе чаппа шудааст. Дар натиҷа мусофири дар дохили мошин буда, ҷавони 21-солаи сокини шаҳри Душанбе ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Мусофирони дигари мошин- ноболиғон, писарчаҳои 12 ва 14-солаи сокинони шаҳри Душанбе ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Июнь 30, 2016 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд