12 рӯзноманигор — ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Роҳи бехатар 2016»
Душанбе, 04.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳи бехатар-2016», ки аз тарафи Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ташкил шуда буд, ҷамъбаст гардид.
Тавре раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода изҳор дошт, имсол намояндагони 27 васоити ахбори умум маводи худро роҷеъ ба таъмини ҳаракати бехатарии нақлиёт дар роҳҳои кишвар ба озмун пешниҳод сохтанд. Ҳайати ҳакамон 12 нафарро ҳамчун ғолиби озмун дар номинатсияҳои алоҳида эълон кард.
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ба ғолибон диплому мукофотро супурда, изҳор дошт, ки ҳамкории зичи мақомоти умури дохила ва ҷомеаи журналистӣ барои инъикоси бурду бохти соҳа замина фароҳам меорад. Таъкид гардид, ки минбаъд низ чунин озмунҳо доир хоҳанд шуд.
Ёдовар мешавем, ки 2 июл, дар рӯзи касбии кормандони БДА, мақомоти бозрасии давлатии автомобилии ҷумҳурӣ 80 — солагии таъсиси худро ҷашн гирифт.












Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид






