12 рӯзноманигор — ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Роҳи бехатар 2016»

Июль 4, 2016 11:26

Душанбе, 04.07.2016 /АМИТ «Ховар»/.   Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳи бехатар-2016», ки аз тарафи  Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ташкил шуда буд, ҷамъбаст гардид.
Тавре раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода изҳор дошт, имсол намояндагони 27 васоити ахбори умум маводи худро роҷеъ ба таъмини ҳаракати бехатарии нақлиёт дар роҳҳои кишвар ба озмун пешниҳод сохтанд. Ҳайати ҳакамон 12 нафарро ҳамчун ғолиби озмун дар номинатсияҳои алоҳида эълон кард.
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ба ғолибон диплому мукофотро супурда, изҳор дошт, ки ҳамкории зичи мақомоти умури дохила ва ҷомеаи журналистӣ барои инъикоси бурду бохти соҳа замина фароҳам меорад. Таъкид гардид, ки минбаъд низ чунин озмунҳо доир хоҳанд шуд.
Ёдовар мешавем, ки 2 июл, дар рӯзи касбии кормандони БДА, мақомоти бозрасии давлатии автомобилии ҷумҳурӣ 80 — солагии таъсиси худро ҷашн гирифт.

Июль 4, 2016 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Олимони тоҷик ва хориҷӣ дар пиряхи Ванҷях корҳои таҳқиқотӣ мегузаронанд
Дар ноҳияи Лахш бо мақсади пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ вохӯрӣ доир шуд
Кадом шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо дар Тоҷикистон маъруфанд
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 40 дараҷа мерасад
Дар Душанбе марҳилаи дуюми Лоиҳаи «Тавонмандсозии марказҳои матбуотӣ ва ҳамкории онҳо бо ВАО» оғоз ёфт
Дар вилояти Хатлон гардиши савдои хориҷӣ ба 210,2 миллион доллар баробар гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Кӯдакону наврасони ноҳияи Шаҳринав ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар Хатлон ташаббуси вилоятии «Саҳми ман дар ободии Ватан» доир карда мешавад
Беш аз 5 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 873 миллион сомониро ташкил дод