Абдуфаттоҳи Ғоиб, сардори Хадамоти гумрук: «Коҳиш ёфтани гардиши тиҷорати хориҷӣ ба омилҳои беруна рабт дорад»
Душанбе, 20.07.2016 /АМИТ Ховар/. Гардиши тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи шаш моҳи соли равон беш аз 1,9 миллиард долларро ташкил дод, ки дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёда аз 72 миллион доллар кам буда, 96,3%-ро ташкил медиҳад. Аз маблағи умумии гардиши тиҷорати хориҷӣ 1,5 миллиард доллар марбут ба воридот ва 418 миллион доллар ба содирот рост меояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум воридот беш аз 75 миллион доллар коҳиш ё 95,2 % ва содирот 2,5 миллион доллар афзоиш ёфта, беш аз 100% и гардиши молиро ташкил медиҳад.
Абдуфаттоҳи Ғоиб, сардори Хадамоти гумруки кишвар дар нишасти матбуотӣ омили асосии коҳиш ёфтани гардиши савдои хориҷӣ, хусусан воридоти молу маҳсулотро ба кишварамон ба таъсири омилҳои беруна, таъсири бӯҳрони молиявӣ, бесуботии вазъ дар баъзе кишварҳо, қатъ гардидани амалиёти содиротию воридотӣ аз ҷониби бархе аз соҳибкорон ва паст шудани қобилияти харидории мардум арзёбӣ намуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






