Адрасбофи беҳтарини шаҳри Хуҷанд муайян гардид
Душанбе, 22.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд озмуни шаҳрии «Адрасбофи беҳтарин» доир гардид.
Озмун дар Маркази таълимию истеҳсолии ба номи Зулфия Баҳриддинова байни 10 нафар занони ҳунарманд гузаронида шуд.
Дар натиҷаи баҳогузории ҳакамон Фотима Маллаева адрасбофи беҳтарини шаҳр дониста шуда, ҳуқуқи иштирок дар озмуни вилоятиро ба даст овард.
Мақсад аз баргузории озмун эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, истеҳсоли матои атлас ва адраси тоҷик, дарёфти беҳтарин ҳунармандони ҳунарҳои дастӣ ва бо ҷои кор таъмин намудани занону духтарон арзёбӣ гардид.








АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад






