Акбар Маҳмудов, рассом ва дизайнери маъруфи тоҷик аз олам даргузашт

Июль 28, 2016 13:48

Душанбе, 28.07.16. /АМИТ «Ховар»/. Аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки 27 июли соли равон  Акбар Маҳмудов, рассом ва дизайнери маъруфи тоҷик, саррассоми Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ, Раиси Иттифоқи дизайнерони вилояти Суғд, Корманди шоистаи Тоҷикистон  дар синни 55-солагӣ ба таври фоҷиавӣ аз олам даргузашт.

Зиндаёд Акбар Маҳмудов Донишкадаи олии ба номи В.И.Немирович-Данченкои шаҳри Москваро хатм намудаст.  Ӯ нозукиҳои санъати театриро аз беҳтарин рассомони он давр омӯхта, ба театри тоҷик  назария, ғоя ва мактаби нави худро ворид кардааст.

Мавсуф  дар тӯли фаъолияти эҷодии худ зиёда аз 110 асарро рӯи саҳна овардааст, ки аксари онҳо дар театрҳои мамлакат ва хориҷи кишвар саҳнавӣ шудаанд.

Ҳамзамон, Акбар Маҳмудов саррассоми аксари чорабиниҳои фарҳангии давлатӣ буда, 1150-солагии бузургдошти Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар шаҳри Панҷакент, ҷашни Ваҳдат ва ифтитоҳи варзишгоҳи 20-солагии Истиқлолият дар шаҳри Хуҷанд, тантанаи Иди Наврӯзи байналмилалӣ дар Боғи Миллӣ, ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, тантанаи оғози нақби Шаҳристон, ороишоти ҷаласаҳои Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе ва намоиши «Корвони Наврӯз-2016» аз ҷумлаи беҳтарин намунаи ҳунари ӯ мебошанд.

Мавсуф муаллифи лоиҳаҳои яке аз иншооти барҷастатарини ҷумҳурӣ, аз қабили Маҷмааи фаввораҳо бо муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ ва ҳавзи шиноварӣ, воқеъ дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд, ороиши толори «Иҷлосияи тақдирсоз» ва толори «Тоҷикистони соҳибистиқлол» дар осорхонаи навбунёди Қасри Арбоб ва ҳамзамон муаллифи ороиши ҷашнии 20- солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ буда, дар тармиму ороиши Қасри Арбоб саҳми арзанда гузоштааст.

Июль 28, 2016 13:48

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд