Ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Русия дар соҳаи маориф густариш меёбад
Душанбе, 30.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Чанде пеш дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия мулоқоти Раҳматулло Мирбобоев, муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вениамин Каганов, муовини Вазири маориф ва илми Федератсияи Русия доир гардид, ки дар он самтҳои асосии рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ гардиданд.
Масъалаи омода намудан ва баланд бардоштани тахассуси касбии муаллимони забони русӣ барои мактабҳои миёна ва олии Тоҷикистон аз мавзӯъҳои асосии мулоқоти мазкур гардид.
Тарафҳо ҳамчунин фаъолияти филиалҳои мактабҳои олии Федератсияи Русияро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутахассисони баландихтисосро дар соҳаҳои мухталиф тайёр менамоянд, инчунин масъалаи донишомӯзии шаҳрвандони Тоҷикистон дар мактабҳои олии Русия мавриди баррасӣ қарор доданд.
Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, ҷонибҳо ба хулосае омаданд, ки ҷиҳати густариши амиқи муносибатҳои Тоҷикистону Русия дар соҳаи маориф ва илм бояд «харитаи роҳ» таҳия гардад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






