«Ҳавои тоза» бар зидди ихроҷи газҳои нақлиёти автомобилӣ
Душанбе, 08.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Аз 11 то 21-уми июли соли 2016 дар қаламравӣ ҷумҳурӣ амалиёти мақсадноки «Ҳавои тоза» гузаронида мешавад.
Ин иқдом бо мақсади кам кардани таъсири зараровари ихроҷи газҳои нақлиёти автомобилӣ ба муҳити атроф аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст.
Дар робита ба ин Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ хоҳиш менамояд, ки дар ташкил ва гузаронидани чорабинии мазкур фаъолона иштирок намоянд. Ҳамчунин, ба шаҳрвандон муроҷиат шудааст, ки талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намуда, воситаҳои нақлиётро дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доранд.
Ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар нагузоред!








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






