Аввалин голи Парвизҷон Умарбоев дар ҳайати КФ «Локомотив»

Июль 19, 2016 10:23

Душанбе, 19.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Нимҳимоятгари тими мунтахаби Тоҷикистон Парвизҷон Умарбоев, ки чанде пештар ба ҳайти КФ «Локомоти»-и Булғория гузашт, дар аввалин бозии дӯстонаи ин клуб бо дастаи «Адфайсалӣ»-и Урдун ба задани гол мушарраф шуд. Умарбоев тӯби дуввуми «Локомотив»-ро дар дақиқаи 70-ум ба самар расонид. Дар натиҷа «Локомотив» бо ҳисоби 3:0 ғалаба ба даст овард.
Парвизҷон Умарбоев баъди анҷоми марҳалаи аввали Чемпионати Тоҷикистон аз КФ «Истиқлол» ба «Локомотив» гузаштааст ва давоми 90 дақиқа дар вохӯрӣ бо дастаи «Алфайсалӣ» дар майдон ҳунарнамоӣ кард.

Июль 19, 2016 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дастаи Кубаро мағлуб кард
Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд