Баррасии ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон
Душанбе, 21.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. 19 июл дар ҳошияи чорумин Ҳамоиши байналмилалии энергияи бодии Эрон Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Неъматулло Эмомзода бо Ҳамид Читчиён, Вазири неруи ҶИЭ, ҳамзамон Ҳамраиси Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии ҶТ ва ҶИЭ мулоқот доир намуд.
Тавре ки аз ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни мулоқот Н. Эмомзода дар мавриди баргузории Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои вобаста ба он таҳти унвони «Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт», ки рӯзҳои 9-11 августи соли 2016 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, суҳбат намуд.
Ҳамзамон ҷонибҳо вобаста ба ҳамкории дуҷониба ва масъалаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистону Эрон табодули назар карданд.








Дар Рашт Маркази омӯзиши даврҳои кӯтоҳмуддати дӯзандагӣ ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия аз соли 2027 бояд кадом талаботи нави қонунгузориро риоя намоянд?
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Лаҳистон баргузор гардид
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ Рӯзи дарҳои кушод баргузор шуд
«ТАҲКИМБАХШИ ИСТИҚЛОЛИ ВАТАН». Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии таъсиси ҲХДТ озмун доир мегардад
Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон намоиши «Рустам ва Деви сафед»-ро пешкаши тамошобинон мегардонад
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид






