Баррасии ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон

Июль 21, 2016 12:25

Душанбе, 21.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. 19 июл дар ҳошияи чорумин Ҳамоиши байналмилалии энергияи бодии Эрон Сафири  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Неъматулло Эмомзода бо Ҳамид Читчиён, Вазири неруи ҶИЭ, ҳамзамон Ҳамраиси Комиссияи  муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии ҶТ ва ҶИЭ мулоқот доир намуд.
Тавре ки аз ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни мулоқот Н. Эмомзода дар мавриди баргузории Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои вобаста ба он таҳти унвони «Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт», ки рӯзҳои  9-11 августи соли 2016 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, суҳбат намуд.
Ҳамзамон ҷонибҳо вобаста ба ҳамкории дуҷониба ва масъалаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистону Эрон табодули назар карданд.

Июль 21, 2016 12:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ таҳти унвони «Наҷоти сайёр» дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ оғоз шуд
ҲАВАСМАНДИИ ОМӮЗГОРОН. Давоми 18 сол 3394 нафар омӯзгорони ҷавон дар вилояти Хатлон соҳиби замин гардиданд
Доир ба ташаббусҳои Пешвои миллат дар шаҳри Хоруғ конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
137 акси аксбардори маъруфи тоҷик Заур Дахте ба фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон супорида шуд
Дар ноҳияи Дарвоз оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
ТАҶРИБАИ НАВ ДАР ЗАФАРОБОД. Дар хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Адҳамхон» 56 адад панели офтобӣ насб карда шудааст
Сокинони ноҳияи Файзобод дар заминҳои наздиҳавлигӣ бештар картошка парвариш менамоянд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони деҳаи Навдеҳи шаҳри Норак таҷрибаи пешқадами кишоварзони ҷаҳонро меомӯзанд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар 86 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Тоҷикистон аз рӯйи 344 номгӯйи ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд
Хиёбони Рӯдакӣ 57: манбаи имкониятҳои рақамӣ дар маркази Душанбе
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 44 дараҷа гарм мешавад